Барои хизматҳои бисёрсолаи бенуқсон дар соҳаи маориф, саҳми арзанда дар таълиму тарбияи насли наврас, тайёр намудани кадрҳои болаёқат ва иштироки фаъолона дар ҳаёти ҷамъиятӣ дар доираи баргузории Конференсияи августии кормандони соҳаи маорифи шаҳри Душанбе таҳти унвони “Рақамикунонӣ ва зеҳни сунъӣ: аз мафҳум то амал дар маорифи пойтахт” ва конференсияҳои августии ноҳияҳои пойтахт 20 кормандону омӯзгорони соҳаи маорифи шаҳри Душанбе бо нишони “Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон”, 8 нафар бо “Ифтихорнома”- и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, 35 нафар бо Сипосномаи Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, 50 нафар бо Сипосномаи Иттифоқи касабаи кормандони соҳаи маорифи шаҳри Душанбе, инчунин бо ифтихорномаву сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ аз ҷониби раисони ноҳияҳои пойтахт, шуъбаҳои маориф, КИ ҲХДТ дар ноҳияи И.Сомонӣ ва бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи И.Сомонӣ дар маҷмуъ 364 нафар қадрдонӣ гардиданд.
ВАҚТЕ КИ ЗАҲМАТҲО ҚАДР МЕШАВАНД…ҚАДРДОНИИ 364 НАФАР КОРМАНДОНИ СОҲА