21 августи соли ҷорӣ дар Мактаби санъати ба номи “Одина Ҳошим” Конференсияи августии кормандони соҳаи маорифи шаҳри Душанбе зери унвони “Ҳамоҳангии арзишҳои миллӣ ва зеҳни сунъӣ дар рушди соҳаи маорифи шаҳри Душанбе” баргузор гардид.
Дар кори конференсия вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода, муовини Раиси шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳа Д. Одилзода, директори Корхонаи воҳиди давлатии “Шаҳри ҳушманд (SMART CITY)” С. Самадзод, намояндагони сохторҳои марказӣ ва мақомоти иҷроия, Агентии назорат дар соҳаи маориф, Маркази миллии тестӣ, Пажӯҳишгоҳи рушди маориф, Академияи таҳсилот, намояндаи Прокуротураи шаҳри Душанбе, намояндаи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар шаҳри Душанбе, роҳбарону масъулини сохторҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг, кор бо занон, ҷавонон ва муовинони раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе, роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ, собиқадорони соҳаи маориф, хонандагону омӯзгорони фаъолӣ муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе иштирок намуданд.
Зимни суханронии худ вазири маориф ва илм аз дастгириҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ёдоварӣ намуда, таъкид намуд, ки соҳаи маориф маҳз бо дастуру ҳидоятҳои созанда ва дастгириҳои пайвастаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази таваҷҷуҳи давлату Ҳукумат қарор дошта, сол ба сол рушд мекунад.
Ҳамзамон, таъкид шуд, ки бо шарофати сиёсати бунёдкорона ва таваҷҷуҳи хосаву ҳамешагии Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ барои рушди босуръати инфрасохтори соҳаи маорифи пойтахт, бунёди муассисаҳои таълимии замонавӣ, бо компютерҳо, синфхонаҳои муҷаҳҳази технологӣ ва воситаҳои рақамӣ таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. Татбиқи пайвастаи лоиҳаҳои муосир ва ташаббусҳои бузурги бунёдкорӣ таҳти роҳбарии муҳтарам Рустами Эмомалӣ имкон медиҳад, ки раванди таълим бо талаботи замони муосир, рақамисозӣ ва технологияҳои зеҳни сунъӣ ҳамоҳанг карда шавад.
Баромадкунандагон зимни машварат оид ба масъалаҳои баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия бо истифода аз дастовардҳои муосир, ҷорӣ намудани технологияҳои навин ва усулҳои зеҳни сунъӣ ба раванди омӯзиш, тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои муқаддаси миллӣ, инчунин таҳкими ҳамкории муассисаи таълимӣ, оила ва ҷомеа ҷиҳати пешгирии омилҳои номатлуб ва дигар масъалаҳои муҳими соҳаи маориф андешаронӣ намуданд.
Дар фарҷоми конференсия бо ҳузури меҳмонон як қатор мутахассисони ҷавон, омӯзгорон, собиқадорон ва кормандони пешқадами соҳаи маориф барои ҳавасмандгардонӣ ва саҳми арзандашон дар таълиму тарбияи насли наврасу рушди соҳа бо нишони сарисинагии “Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Ифтихорнома”-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, “Ифтихорнома”-и Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, “Сипоснома”-и Корхонаи воҳиди давлатии “Шаҳри ҳушманд (SMART CITY)” ва мукофотпулӣ, ба мутахассисони ҷавон туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.
Дар охир барномаи рангини фарҳангӣ манзури иштирокдорон гардида, ба чорабинӣ ҳусни дигар бахшид.