кӯчаи Дехотӣ 21/6, Душанбе, Таджикистан

Пешвои миллат: «Ба мо, пеш аз ҳама, мутахассис зарур аст, на ҷавоне, ки танҳо соҳиби диплом аст»

Тибқи маълумот, дар аксари факултаҳои муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ донишҷӯён ду соли аввал бештар ба омӯзиши фанҳои ғайриихтисосӣ банд гардида, ба онҳо фанҳои тахассусӣ асосан аз соли сеюм таълим дода мешаванд, ки ин боиси коҳиш ёфтани шавқи донишҷӯ нисбат ба касбу ихтисоси интихобкардааш мегардад. Чунин иброз доштанд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз зимни суханронӣ ба муносибати Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №105-и шаҳри Душанбе.

Сарвари давлат Вазорати маориф ва илм ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбиро вазифадор намуданд, ки ин масъаларо дар муддати се моҳи оянда ҳаматарафа баррасӣ карда, пешниҳодҳоро ба Ҳукумати мамлакат манзур намоянд.
«Ба мо, пеш аз ҳама, мутахассис зарур аст, на ҷавоне, ки танҳо соҳиби диплом аст»,–таъкид намуданд Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Роҳбари давлат ба масъалаи интихоби касби ояндаи ҷавонон диққати махсус зоҳир намуда, баён доштанд, ки инсон бояд дар интихоби касб хато накунад, вагарна то охири умр сарсону саргардон мешавад ва орзуҳояшро амалӣ карда наметавонад.
Таҳлилу мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки дар ҷомеаи мо зимни интихоби касб тамоюли зоҳирпарастӣ, тақлид ба дигарон ва интихоби бемавриду бемантиқ ҷой дорад.
Пешвои миллат бо нигаронӣ изҳор доштанд, ки аксари ҷавонон мехоҳанд ё табиб шаванд ё ҳуқуқшинос. Яъне дар аксар мавридҳо интихоби касб на дар асоси қобилият ва истеъдод, балки аз рӯйи ҳавову ҳавас амалӣ мегардад.
Доир ба ин масъала Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Вазорати маориф ва илм, Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Академияи таҳсилот супориш доданд, ки дар муддати 3 моҳ вобаста ба ташаккули фарҳанги интихоби касб ва механизмҳои муайян намудани қобилият ва лаёқати касбии кӯдакону наврасон ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод манзур намоянд.