кӯчаи Дехотӣ 21/6, Душанбе, Таджикистан


шаклгирии сиёсат ва риторикаи давлатӣ дар соҳаи маориф ва илм дар Дарси сулҳ

Бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мактаби №105-и шаҳри Душанбе ба ифтихори Рӯзи дониш Дарси анъанавии сулҳ доир гардид. Мо, коллективи бисёрҳазорнафараи Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ин падидаи хушояндро дар толори бузурги муассиса тамошо кардем. Баъд аз дидани ин суханронӣ беихтиёр андешае маро фаро гирифт, ки воқеан ҳам таваҷҷуҳи Ҳукумати мамлакат ба соҳаи илму маориф аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ аз авлавиятҳои сиёсати давдатӣ маҳсуб меёбад. Таваҷҷуҳ ба донишу илмомӯзӣ ва онҳоро роҳи асосии раҳоӣ аз ҷаҳолат донистани Пешвои муаззами миллат бесабаб нест.

Хулоса кардам, ки бори дигар суханрониҳои Роҳбари давлатро дар се Дарси сулҳ (2024, 2025 ва 2026) мутолиа ва баррасӣ намоям.
Агар суханрониҳои се соли охири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба муносибати Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ на ҳамчун се матни ҷудогона, балки як силсилаи пайваста бихонем, тағйири муҳимро дар фаҳмиши нақши маориф ва илм мушоҳида кардан мумкин аст.
Дар соли 2024 суханронӣ бо миқдори зиёди нишондиҳандаҳои инфрасохторӣ, маблағгузорӣ, сохтмони муассисаҳои таълимӣ ва масъалаҳои дастрасӣ ба таҳсилот фарқ мекунад. Аммо ҳамзамон дар ҳамин суханронӣ як нуктаи муҳим ба мушоҳида мерасад: масъала дигар танҳо «чанд мактаб сохта шуд?» нест, балки «ин мактабҳо то чӣ андоза ба талаботи таҳсилоти муосир ҷавоб медиҳанд?» мебошад. Мавзуъҳои рақамикунонӣ, сифати таҳсилот, озмоишгоҳҳо, кабинетҳои фаннӣ, касбияти омӯзгор ва робитаи назарияву амалия ба маркази баҳс наздик мешаванд.
Соли 2025 ин тағйирот равшантар мегардад. Дар матни суханронӣ дониш бевосита ҳамчун омили рушди устувор ва пешрафти иқтисодиву иҷтимоӣ муайян гардидааст. Яъне маориф тадриҷан аз доираи сиёсати иҷтимоӣ берун рафта, ҳамчун «инфрасохтори рушди иқтисодӣ, рақобатпазирии миллӣ ва суботи дарозмуддат» муаррифӣ мегардад.
Дар остонаи соли таҳсили 2026-2027 низ маълумоти расмии соҳа нишон медиҳад, ки ин самт боз ҳам ба масъалаҳои сармояи инсонӣ, рақамикунонӣ, иқтисодиёти донишбунёд, касбият ва рақобатпазирӣ наздик шудааст. Вазорати маориф ва илм барои соли 2026 маблағгузории соҳа дар ҳаҷми 13 миллиарду 677,3 миллион сомонӣ пешбинӣ кардааст, ки тақрибан 7 фоизи ММД ва 20,4 фоизи хароҷоти буҷети давлатиро ташкил медиҳад
Се суханронӣ ҳамчун се марҳалаи як сиёсати пайваста
2024: марҳалаи «таъмини шароит». Суханронии 1 сентябри соли 2024 дар бинои нави муассисаи таҳсилоти умумии №19 сурат гирифт. Мактаб 75 синфхона дошта, барои 3500 хонанда пешбинӣ шудааст. Ҳамчунин таъкид шуд, ки дар Душанбе сохтмони боз 24 муассисаи таълимӣ барои 47 ҳазор хонанда ва 55 муассисаи томактабӣ барои 11 500 кӯдак идома дорад.
Интихоби макон худ як паёми сиёсӣ дорад: суханронӣ на дар муҳити абстрактӣ, балки дар муассисаи нави таълимӣ баргузор мешавад. Яъне инфрасохтори таълимӣ ҳамчун далели моддии сиёсати давлатӣ нишон дода мешавад.
Аммо қисми муҳимтарини суханронӣ маҳз дар он аст, ки пас аз зикри дастовардҳои сохтмонӣ, Президенти маҳбуб ба норасоиҳои сифатӣ мегузаранд.
2025: марҳалаи «сифат ва самаранокӣ». Соли 2025 суханронӣ 30 август дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон баргузор гардид. Дар ин ҷо рамзи сиёсӣ тағйир меёбад: маркази суханронӣ дигар танҳо мактаби умумӣ нест, балки донишгоҳ, касбомӯзӣ, малака ва пайвастани таҳсилот бо бозори меҳнат мебошад. Дар ҳамин рӯз Маркази рушди малакаҳо, касбомӯзӣ ва хизматрасонӣ дар соҳаи сайёҳӣ низ мавриди истифода қарор гирифт. Ин муассисаҳо имрӯз барои омодасозии кадрҳои мутобиқ ба талаботи бозори ҷаҳонӣ бо роҳбарии умумии профессор Убайдулло Асрорзода фаъолияти пурсамар доранд.
Интихоби институтсионалӣ нишон медиҳад, ки маориф бештар ҳамчун воситаи омода кардани кадр барои иқтисоди миллӣ фаҳмида мешавад.
2026: марҳалаи «маориф дар шароити ҷомеаи рақамӣ». Масъалаҳои маориф ба технологияҳои рақамӣ, иқтисодиёти донишбунёд, рақобати ҷаҳонӣ, касбият ва рушди иқтидори илмӣ пайвастанд.
[02.09.2026 10:46] Abduhalim Gh: Соли 2024 инфрасохтор зиёд шуд, аммо масъалаи сифат ба марказ баромад. Яке аз нишондиҳандаҳои муҳимми суханронии соли 2024 афзоиши маблағгузорӣ мебошад.
Маблағгузории маориф аз 42 миллион сомонӣ дар соли 2000 то 8 миллиарду 231 миллион сомонӣ дар соли 2024 расидааст. Ин маблағ 5,7 фоизи ММД ва 18,9 фоизи хароҷоти умумии буҷетро ташкил медиҳад. Дар ҳамин давра музди меҳнати кормандони маориф низ чандин маротиба зиёд шудааст. Президент таъкид мекунад, ки маблағгузорӣ ба неруи инсонӣ, махсусан ба таълиму тарбияи ҷавонон, сармоягузории самарабахш аст.
Аммо муҳим он аст, ки худи суханронӣ муваффақияти миқдориро ҳамчун ҳадафи ниҳоӣ қабул намекунад.
Дар давраи истиқлолият 3648 бинои муассисаҳои таълимӣ барои 1,6 миллион хонанда сохта ё азнавсозӣ шудааст. Вале дар соли 2024 ҳанӯз 314 бино дар ҳолати садамавӣ, 378 бино ба таъмири асосӣ ниёз дошта, дар 50 муассиса таҳсил дар се баст идома дошт. Ин рақамҳо як масъалаи муҳимми сиёсиро ошкор мекунанд: афзоиши сармоягузорӣ ва ҳалли пурраи масъалаи инфрасохтор.
Сабаби асосии ин номувофиқӣ, ки дар суханронӣ низ ишора мешавад, афзоиши босуръати аҳолӣ мебошад. Аз ин рӯ, Тоҷикистон бо як парадокси рушди маориф рӯ ба рӯ мешавад: ҳар қадар давлат мактабҳои бештар месозад, афзоиши аҳолии синни мактабӣ метавонад ҳамзамон талаботи нав ба мактабҳои нав ба вуҷуд оварад.
Яъне сохтмони мактабҳо танҳо масъалаи инфрасохторӣ нест. Он масъалаи демографӣ низ мебошад.
Нобаробарии минтақавӣ: яке аз муҳимтарин мушкилоти сохторӣ
Дар соли 2024 масъалаи нобаробарии шароити таълим махсусан возеҳ баён мешавад. Барномаи таъмини муассисаҳои таълимӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳаз барои солҳои 2021–2025 иҷрои нокифоя доштааст. Сатҳи иҷрои ин нишондиҳанда дар Душанбе 96,3 фоиз, дар Суғд 73 фоиз, дар Хатлон 48 фоиз, дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 29 фоиз ва дар ВМКБ танҳо 7 фоиз нишон дода шуда буд.
Ин рақамҳо аз як мушкилоти амиқтар хабар медиҳанд: миқдори мактабҳо метавонад афзоиш ёбад, вале сифати муҳити таълим дар ҳудуди кишвар яксон нест.
Ин нобаробарӣ ба се сатҳ таъсир мерасонад:
1. имконияти азхудкунии фанҳои табиӣ ва дақиқ;
2. рақобатпазирии хонандагон;
3. дастрасии баробар ба сармояи инсонӣ.
Аз ин рӯ, сиёсати «мактаб барои ҳама» тадриҷан бояд ба сиёсати «таълими босифат барои ҳама» табдил ёбад. Шояд яке аз муҳимтарин нуқтаҳои соли 2024 иқрори мустақими ақибмондагӣ дар рақамикунонӣ бошад. Дар суханронии он сол ду санади муҳим зикр мешавад: «Консепсияи гузариш ба таҳсилоти рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2042» ва «Барномаи ҷорӣ намудани технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ барои солҳои 2024–2028». Аммо ҳамзамон гуфта мешавад, ки корҳои анҷомдодашуда ба талабот ҷавобгӯ нестанд ва соҳаи маорифу илм аз сатҳи рушди рақамикунонии ҷаҳонӣ қафо мондааст. Ин нуқта хеле муҳим аст, зеро дар ин ҷо забони сиёсати давлатӣ аз «мо бояд технологияро ворид кунем» ба «мо аз суръати ҷаҳонӣ қафо мондаем» мегузарад. Яъне рақамикунонӣ дигар танҳо як имконияти иловагӣ нест. Он ба масъалаи рақобатпазирии миллӣ табдил меёбад.
Илм: мушкили асосӣ дигар танҳо «мавҷудияти олим» нест
Дар соли 2024 масъалаи илм асосан дар робита бо илмҳои табиӣ, дақиқ ва риёзӣ баррасӣ мешуд. Дар доираи «Барномаи мақсадноки давлатии рушди илмҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ барои солҳои 2021–2025» ва «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ» корҳои муайян анҷом дода шудаанд, вале натиҷаҳои интизоршуда ҳанӯз пурра ба даст наомадаанд. Ин ҷо низ як тағйири муҳимро мебинем. Меъёри муваффақият тадриҷан аз: шумораи муассисаҳо ва олимон ба натиҷаи илмӣ ва таъсири он ба рушди технологӣ мегузарад.
Ин раванд дар суханронии махсуси Президент бо аҳли илм моҳи майи соли 2024 боз ҳам равшантар баён шудааст: масъалаҳои ҳолати кунунии илм, самаранокии он, рушди илмҳои табиӣ ва риёзӣ, тафаккури техникӣ, ихтироъкорӣ ва сифати тайёр кардани кадрҳои илмӣ ҳамчун масъалаҳои марказӣ гузошта шуданд.
Аз ин ҷо метавон чунин занҷири сиёсиро барқарор кард: таҳсилоти босифат-кадри соҳибихтисос-таҳқиқоти илмӣ-технологияи нав-истеҳсолот-рақобатпазирии иқтисодӣ.
[02.09.2026 10:46] Abduhalim Gh: Дар соли 2025 ибораи калидӣ дигар танҳо «маориф соҳаи иҷтимоӣ» нест. Президенти маҳбуб дар оғози суханронӣ донишро «омили асосии рушди устувор ва пешрафти иқтисодиву иҷтимоӣ» меноманд. Ин тағйири назаррас аст.
Маориф дар ин ҷо вазифаи дугона пайдо мекунад: вазифаи иҷтимоӣ, таъмини дастрасӣ, рушди кӯдак, тарбия ва вазифаҳои иқтисодӣ.
Дар солҳои 2024–2025 маориф дар риторикаи сиёсати давлатӣ аз соҳаи асосан иҷтимоӣ ба яке аз воситаҳои стратегии рушди иқтисодӣ ва технологӣ табдил меёбад.
Баргузории «Дарси сулҳ» дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва ифтитоҳи Маркази рушди малакаҳо, касбомӯзӣ ва хизматрасонӣ дар соҳаи сайёҳӣ низ тасодуфӣ нест. Ин ҷо донишгоҳ ҳамчун муассисаи таҳсилдиҳанда не, балки ҳамчун истеҳсолкунандаи малакаҳои иқтисодӣ муаррифӣ мешавад. Дар ин замина мафҳуми «кадр» низ тағйир меёбад. Кадри зарурӣ танҳо шахси дорои диплом нест. Бозори меҳнати муосир малакаи касбӣ, қобилияти истифодаи технология, забондон, мутобиқшавӣ, малакаҳои коммуникатсионӣ, қобилияти ҳалли масъала ва омӯзиши доимиталаб мекунад.
Ҳамин аст сабаби он, ки масъалаи касбомӯзӣ ва рушди малакаҳо дар соли 2025 бештар аҳаммият мегирад.
Таҳсилоти томактабӣ дар солҳои таҳлилшаванда тадриҷан ба масъалаи мустақили сиёсати давлатӣ табдил меёбад. Соли 2024 барои фарогирии бештари кӯдакон ба таҳсилоти томактабӣ Барномаи рушди муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти умумии хусусӣ барои солҳои 2022–2027 зикр мешавад, ки сохтмони 264 муассисаи томактабии хусусиро пешбинӣ мекунад. Ин тағйирот аз нуқтаи назари сиёсати ҷамъиятӣ муҳим аст, зеро таваҷҷуҳ ба таҳсилоти томактабӣ маънои гузариш аз сиёсати «таълим аз мактаб оғоз мешавад» ба сиёсати рушди барвақти инсон дорад.
Тарбия: маориф ҳамчун воситаи ҳифзи суботи иҷтимоӣ
Яке аз хусусиятҳои доимии ҳар се давра робитаи зичи маориф бо сулҳ ва тарбия мебошад. Соли 2024 Президент таъкид мекунанд, ки сулҳ шарти рушди маориф аст, аммо худи маориф низ василаи ҳифзу таҳкими сулҳ ва субот мебошад.
Маориф дар ин модели сиёсӣ на танҳо «истеҳсолкунандаи дониш», балки истеҳсолкунандаи муносибатҳои иҷтимоӣ ва арзишҳои шаҳрвандӣ низ мебошад.
Дар соли 2024 қисми назарраси «Дарси сулҳ» ба таҷрибаи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ бахшида мешавад. Дар суханронӣ рақамҳои вазнини талафот — беш аз 150 ҳазор ҳалокшуда, 55 ҳазор кӯдаки ятим, тақрибан якуним миллион гуреза ва зарари бузурги иқтисодӣ оварда шуданд. Аз нуктаи назари таҳлилӣ, ин на танҳо ёдоварӣ аз таърих аст. Ин модели сиёсӣ-педагогии интиқоли хотираи коллективӣ мебошад. Дар ин ҷо омӯзгор танҳо интиқолдиҳандаи дониш нест. Ӯ миёнарави байни хотираи таърихӣ ва худшиносии шаҳрвандӣ мебошад.
Дар соли 2024 як тағйири муҳим дида мешавад: таҳдиди амниятӣ дигар танҳо ҳарбӣ ё сиёсӣ нест. Он ба фазои иттилоот, маориф, арзишҳои, интернет ва рафтори иҷтимоӣ низ асаргузор аст. Аз ин рӯ, масъалаи саводнокии шаҳрвандӣ ва рақамӣ тадриҷан хусусияти амниятӣ мегирад.
Ҷавонон: аз объекти тарбия ба захираи рушди миллӣ
Дар ҳамаи се давра ҷавонон дар марказ қарор доранд, аммо мазмуни ин нақш тағйир меёбад.
Дар соли 2024 ҷавон пеш аз ҳама ҳомии сулҳ, ватандӯст, соҳибмаърифат ва худшинос тасаввур мешавад.
Дар марҳалаи баъдӣ ба ин номгӯй мутахассиси рақобатпазир, истифодабарандаи технология, донишҷӯи дорои малакаҳои касбӣ ва иштирокчии иқтисоди муосир илова мешаванд. Тағйироти мазкур нишон медиҳад, ки сиёсати ҷавонон тадриҷан аз тарбияи арзишӣ ба модели дугонаи «тарбия + қобилияти иқтисодӣ» ҳаракат мекунад.
Омӯзгор: аз корманди иҷтимоӣ ба сармояи стратегии давлат
Масъалаи баланд бардоштани масъулият ва касбияти омӯзгор ба таври возеҳ ба рушди давлат пайваст карда мешавад. Президенти кишвар таъкид мекунанд, ки агар Тоҷикистон мехоҳад давлати аз ҷиҳати илмӣ, техникӣ ва технологӣ пешрафта дошта бошад, бояд масъулият ва касбияти омӯзгорон баланд бардошта шавад.
Ин нуктаи калидист, зеро ҳатто мактаби замонавӣ, компютер ва лаборатория бе омӯзгори босалоҳият натиҷаи интизоршударо намедиҳанд.
Аз ин ҷо масъалаи марказӣ чунин мешавад: инфрасохтор имконият месозад, омӯзгор натиҷа месозад.
Дар асоси манбаъҳои дастрас метавон ҳадди ақал шаш мушкилоти давомдорро ҷудо кард.
[02.09.2026 10:46] Abduhalim Gh: 1. Нобаробарии инфрасохторӣ. Фарқи минтақаҳо дар таъмин бо кабинетҳо, лабораторияҳо ва шароити таълим ҳанӯз масъалаи ҷиддӣ мебошад
2. Норасоии кадрҳои омӯзгорӣ
3. Китобҳои дарсӣ ва адабиёти ёрирасон. Масъала танҳо таъмини китобҳои асосӣ нест; зарурати адабиёти илмӣ, методӣ ва ёрирасон низ гузошта шудааст.
4. Озмоишгоҳҳо ва омӯзиши амалӣ. Нобаробарии таъмин бо лабораторияҳо нишон медиҳад, ки модели «дониш тавассути таҷриба» ҳанӯз пурра татбиқ нашудааст.
5. Рақамикунонӣ.
6. Фарқи байни маблағгузорӣ ва натиҷа. Маблағгузорӣ ба таври назаррас афзоиш ёфтааст, вале масъалаи сифат, инфрасохтори нобаробар ва самаранокии илм ҳанӯз боқӣ мемонад.
Маълумоти расмии соли 2026 низ нишон медиҳад, ки масъалаҳои технологияҳои рақамӣ ва иқтисоди донишбунёд аҳаммияти бештар пайдо мекунанд. Ин тағйироти муҳит маънои онро дорад, ки низоми маориф акнун бояд на танҳо ҷавоб ба саволи «Хонанда чӣ медонад?», балки саволи «Хонанда бо дониши худ чӣ кор карда метавонад?» диҳад.
Мушкили умдаии сиёсати давлатӣ танҳо зиёд кардани донишгоҳҳо ё шумораи донишҷӯён нест. Масъалаи асосӣ — самаранокии табдили дониш ба арзиши иқтисодӣ ва иҷтимоӣ мебошад.
Дар сиёсати илмӣ як масъалаи муҳим боқӣ мемонад: робитаи байни илм ва иқтисоди воқеӣ. Роҳбари давлат борҳо таъкид кардаанд, ки вазифаи ояндаи сиёсати илмӣ бояд аз «дастгирии илм» ба идоракунии натиҷаи илм равона гардад, яъне нишондиҳандаҳои самаранокӣ бояд на танҳо шумораи корҳои илмӣ, балки татбиқи онҳо низ бошанд.
Мавқеи олимони ҷавонро низ бояд дар ҳамин контекст фаҳмид. Ҷавони илмӣ бояд се шарти асосӣ дошта бошад:
1. муҳити илмӣ;
2. маблағгузории таҳқиқ;
3. имконияти татбиқи натиҷа.
Агар танҳо шарти якум вуҷуд дошта бошад, илм ба фаъолияти академии маҳдуд табдил меёбад. Агар се шарт якҷоя бошанд, илм метавонад ба манбаи навоварӣ табдил ёбад.
2026: тағйири муҳити сиёсӣ ва технологӣ. Муҳити сиёсие, ки дар он суханронии имсола сурат мегирад, дигар шудааст. Соли 2026 Тоҷикистон 35-солагии Истиқлолро таҷлил мекунад ва масъалаи ҷамъбасти як давраи дарозмуддати давлатсозӣ бештар аҳаммият пайдо кардааст.
Дар соҳаи маориф низ вазъ аз соли 1991 ба куллӣ дигар шудааст: тибқи маълумоти Вазорати маориф ва илм, шумораи муассисаҳои таҳсилоти умумӣ аз 3179 дар соли таҳсили 1991-1992 ба 4056 дар соли 2025-2026 расидааст; шумораи омӯзгорон ба 136 116 нафар мерасад. Таҳсилоти олӣ низ густариш ёфтааст: аз 13 муассисаи таҳсилоти олӣ дар соли 1992 ба 51 муассиса ва беш аз 226 ҳазор донишҷӯ дар давраи кунунӣ расидааст. Ин рақамҳо нишон медиҳанд, ки масъалаи сиёсати маориф дар марҳалаи нав дигар танҳо «эҷоди низоми миллӣ» нест. Акнун масъала «самаранокии низоми миллӣ дар муҳити рақобати ҷаҳонӣ» мебошад.
Аз се давра ҳадди ақал 10 афзалияти нисбатан устуворро ҷудо кардан мумкин аст:
1. Сулҳ ва субот ҳамчун шарти рушди маориф;
2. Маориф ҳамчун афзалияти сиёсати давлатӣ;
3. Сармоягузорӣ ба сармояи инсонӣ;
4. Сохтмон ва навсозии инфрасохтори таълимӣ;
5. Баланд бардоштани сифати таҳсилот;
6. Такмили касбияти омӯзгор;
7. Рушди илмҳои табиӣ, дақиқ ва риёзӣ;
8. Тарбияи ватандӯстӣ ва шаҳрвандӣ;
9. Омодасозии ҷавонон ба иқтисоди муосир;
10. Рақамикунонӣ ва мутобиқсозии маориф ба технологияҳои нав.
Аз ҳама бештар чор самт пурзӯр мешаванд: Якум — сифат. Сохтмони мактаб дигар ҳадафи ниҳоӣ нест; муҳтавои таълим ва натиҷаи хонанда муҳимтар мегардад. Дуюм — технология. Рақамикунонӣ аз масъалаи иловагӣ ба масъалаи рақобатпазирӣ мегузарад. Сеюм — иқтисод. Маориф бештар бо бозори меҳнат ва омодасозии кадр пайваст мешавад. Чорум — илм ва инноватсия. Таваҷҷуҳ ба илмҳои дақиқ ва табиӣ ва татбиқи натиҷаҳои илмӣ зиёд мешавад.
Тарбияи ватандӯстӣ аз байн намеравад, аммо муҳтавои он васеъ мешавад. Дар шароити нави рақамӣ ватандӯстӣ танҳо эҳсоси мансубият нест. Он метавонад маънои масъулияти шаҳрвандӣ, саводнокии иттилоотӣ, муқовимат ба радикализатсия, эҳтироми қонун ва истифодаи дониш барои рушди кишвар низ дошта бошад. Ин аллакай тарбияи насли дорои ҳувияти миллӣ ва қобилияти ҷаҳонӣ мебошад.
[02.09.2026 10:46] Abduhalim Gh: Оё маориф бештар иҷтимоӣ аст ё иқтисодӣ? Дар соли 2024 — ҳар ду, вале бо вазни бештар ба иҷтимоӣ ва инфрасохторӣ. Дар соли 2025 — робитаи иқтисодии маориф равшантар мешавад. Соли 2026 — муҳити рақамӣ ва иқтисоди донишбунёд ин робитаро боз ҳам муҳимтар мекунанд. Аз ин рӯ, имрӯз маорифро танҳо ҳамчун «соҳаи иҷтимоӣ» тавсиф кардан нокифоя аст. Он ҳамзамон системаи истеҳсоли сармояи инсонӣ, низоми интиқоли арзишҳо ва инфрасохтори рушди иқтисодӣ мебошад. Муносибати маориф-илм-инноватсия-иқтисодиёт дар сиёсати давлатӣ ин занҷир торафт бештар намоён мешавад.
Дар соли 2026 бори аввал дар ин силсилаи суханрониҳо масъалаи фарҳанги интихоби касб ва муайян намудани қобилияту истеъдоди кӯдак ба таври хеле мушаххас гузошта мешавад. Президент мегӯянд, ки дар ҷомеа ҳолатҳои интихоби касб бар асоси зоҳирпарастӣ, тақлид ва ҳавову ҳавас вуҷуд доранд. Ҳамчунин, қайд мешавад, ки бисёре аз ҷавонон мехоҳанд табиб ё ҳуқуқшинос шаванд. Дар муқобил, талаботи бозори меҳнат ба мутахассисони амнияти компютерӣ, технологияҳои иттилоотӣ, зеҳни сунъӣ ва барномасозӣ таъкид мегардад.
Дар суханронии соли 2025 зеҳни сунъӣ ҳамчун яке аз хусусиятҳои асосии замони муосир зикр мешавад, аммо соли 2026 мақоми он тағйир меёбад.
Президенти маҳбуб ҷавононро мустақиман ба омӯзиши илму дониш, касбу ҳунар, забонҳои хориҷӣ, технологияҳои муосир ва зеҳни сунъӣ даъват мекунанд. Яъне 2025 — AI ҳамчун хусусияти муҳити нави технологӣ ва 2026 — AI ҳамчун малакаи зарурӣ барои насли нав.
Ин яке аз равшантарин нишонаҳои динамикаи сиёсати маориф мебошад. Аммо соли 2026 як парадокси навро ба миён мегузорад: технология ҳам имконият аст, ҳам таҳдид. Ин яке аз ҷиддитарин тағйироти таҳлилӣ мебошад.
Дар соли 2024 рақамикунонӣ асосан ҳамчун масъалаи ақибмондагии технологӣ ва зарурати рушди инфрасохтор баррасӣ мешуд.
Соли 2026 мушкил дигар мешавад.
Дар суханронӣ гуфта мешавад, ки Тоҷикистон дар рақамикунонӣ ва рушди технологияҳои иттилоотӣ корҳои зиёд анҷом додааст. Аммо ҳоло масъалаи нав ба миён омадааст: фарҳанги истифодаи интернет, телефонҳои мобилӣ, зеҳни сунъӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ. Ин гузариши хеле муҳим аст: 2024: «мо бояд рақамикунонӣ кунем». 2026: «мо бояд истифодаи рақамикунониро дуруст омӯзонем». Ҳамин тариқ, сиёсати рақамӣ аз инфрасохтор ба саводнокии рақамӣ ва рафтори рақамӣ мегузарад.
Соли 2026 мафҳуми масунияти иттилоотӣ ба таври возеҳ ба сиёсати тарбияи ҷавонон ворид мешавад.
Дар суханронӣ аз истифодаи беназорати телефонҳои ҳушманд ва шабакаҳои иҷтимоӣ нигаронӣ баён шуда, ба таъсири эҳтимолии онҳо ба диққат, таҳсил, хоб, хотира ва рушди кӯдакону наврасон ишора мешавад. Ҳамчунин, зарурати баланд бардоштани фарҳанги иттилоотӣ ва муқовимат ба иттилооти ғаразнок, хабарҳои бардурӯғ ва ғояҳои ифротгароёна таъкид мешавад. Метавон гуфт, ки таҳдиди иттилоотӣ дар соли 2026 ба яке аз мушкилоти мустақили сиёсати маориф табдил меёбад.
Имсол аввалин маротиба технология ба масъалаи солимии кӯдак низ пайваст мешавад. Ин тағйир низ муҳим аст.
Дар суханронӣ истифодаи аз ҳад зиёди телефон ва шабакаҳои иҷтимоӣ бо масъалаҳои солимии равонӣ, хоб, нутқ, хотира, қобилияти азхудкунии дониш ва рушди ҷисмонӣ пайваст карда мегардад.
Соли 2026 боз як тезиси нави методологӣ пайдо мешавад. Дар суханронӣ гуфта мешавад, ки таҷрибаи байналмилалӣ бояд аввал дар муассисаҳои таълимӣ озмоиш шавад, ба шароит ва ҳадафҳои стратегии Тоҷикистон ва арзишҳои миллӣ мутобиқ карда шавад ва баъд татбиқ гардад.
Дар соли 2026 мушкилоти таҳсилоти олӣ хеле мушаххас карда мешавадДар аксари факултаҳо, тибқи маълумоти дар суханронӣ овардашуда, донишҷӯён ду соли аввал бештар фанҳои ғайриихтисосӣ меомӯзанд ва фанҳои тахассусӣ асосан аз соли сеюм оғоз мешаванд. Ин, ба гуфтаи суханронӣ, метавонад шавқи донишҷӯро ба ихтисоси интихобкардааш коҳиш диҳад.
Аз таҳлили суханронии се соли Пешвоимуаззами миллат дар Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ якчанд вазифаи мантиқӣ бармеояд:
§ Муҳим аст, ки натиҷаи сармоягузорӣ бо натиҷаи таълим чен карда шавад.
§ Сармоягузории иловагӣ бояд ба минтақаҳое равона шавад, ки аз лиҳози лаборатория, таҷҳизот ва кадр ақиб мондаанд.
[02.09.2026 10:46] Abduhalim Gh: § На танҳо компютер, балки платформаҳои таълимӣ, муҳтавои рақамӣ, омӯзиши омӯзгор, интернет, таҳлили додаҳо, саводнокии рақамӣ ва истифодаи масъулонаи зеҳни сунъӣ зарурат дорад.
§ Омӯзгор бояд ҳамзамон мутахассиси фаннӣ, педагог ва корбари технология бошад.
ХУЛОСА
Се Дарси сулҳ дар солҳои 2024-2026-ро метавон ҳамчун як силсилаи сиёсӣ хонд, ки дар он идомаи сиёсат ва тағйири сиёсати давлатӣ ҳамзамон вуҷуд доранд. Идомаи сиёсат дар он ифода меёбад, ки дар ҳар се давра маориф ҳамчун яке аз афзалиятҳои давлат, сулҳ ҳамчун шарти рушди он, тарбияи ватандӯстӣ ҳамчун вазифаи ҷомеа ва омӯзгор ҳамчун шахсияти калидӣ боқӣ мемонанд. Тағйирот бошад, пеш аз ҳама дар сатҳи талабот ба натиҷа ба амал меояд.
Дар марҳалаи аввал масъалаи асосӣ чунин буд: оё барои ҳама мактаб ва шароити таҳсил дорем? Баъдан, масъалаи дигар шуд — оё таҳсилот босифат аст? Ва дар марҳалаи нави рушди сиёсати маориф савол дигар мешавад: оё ин таҳсилот метавонад барои иқтисоди рақамӣ, илм, технология ва бозори меҳнати рақобатпазир кадр омода кунад? Ин муҳимтарин тағйири мафҳумии давраи таҳлилшаванда мебошад.
Се баромади Пешвои миллат дар Дарси сулҳ ва Рӯзи дониш нишон медиҳанд, ки сиёсати давлатии Тоҷикистон дар соҳаи маориф аз марҳалаи барқарорсозӣ ва густариши инфрасохтор ба марҳалаи сифат, сармояи инсонӣ ва рақобатпазирии дониш ҳаракат мекунад.
Пешрафтҳо стандартҳои нав ба миён меоранд. Вақте дастрасӣ васеъ мешавад, масъалаи сифат пеш меояд. Вақте мактабҳо сохта мешаванд, масъалаи омӯзгори босалоҳият, лаборатория ва муҳтавои таълимӣ муҳим мегардад. Вақте донишгоҳҳо ва шумораи донишҷӯён меафзоянд, масъалаи мутобиқати ихтисосҳо ба бозори меҳнат ва сифати илм ба миён меояд. Ва вақте рақамикунонӣ оғоз мегардад, масъалаи рақобат бо кишварҳои дигар ва мутобиқ шудан ба зеҳни сунъӣ ва иқтисоди донишбунёд пайдо мешавад.
Аз ин рӯ, мушкилоти марҳалаи нав дигар танҳо нарасидани захира нест. Масъала самаранок истифода бурдани захираҳо мебошад.
Дар солҳои минбаъда муваффақияти сиёсати маорифро бештар аз рӯи шумораи биноҳои сохташуда не, балки аз рӯйи нишондиҳандаҳои сифати воқеии дониш, сатҳи малака, рақобатпазирии хатмкунанда, ҷойи кор, маҳсулнокии меҳнат, натиҷаи илмӣ, татбиқи инноватсия ва таъсир ба иқтисоди миллӣ бояд арзёбӣ кард.
Ҳамин занҷир имкон медиҳад, ки маориф аз як бахши алоҳидаи сиёсати иҷтимоӣ ба меҳвари сиёсати рушди миллӣ табдил ёбад.
Се суханронӣ нишон медиҳанд, ки сиёсати давлатӣ дар соҳаи маориф дар давраи 2024–2026 аз як модели асосан инфрасохторӣ ва дастрасӣ ба модели бештар сифатӣ, касбӣ, технологӣ ва натиҷагаро ҳаракат мекунад. Дар соли 2024 масъалаи асосӣ ҳанӯз таъмини шароити моддӣ буд: мактаб, синфхона, лаборатория, китоб, технология ва омӯзгор. Дар соли 2025 маркази вазн ба сифати таҳсил, тайёр кардани омӯзгорони фанҳои дақиқ, таҳсилоти касбӣ ва омодасозии кадрҳои илмӣ бештар гузашт. Дар соли 2026 бошад, мафҳуми «натиҷа» мушаххастар мешавад: хатмкунанда бояд мутахассис бошад, касбро дар асоси қобилияти худ интихоб кунад, технологияи нав ва AI-ро истифода барад, дар бозори меҳнат ҷойи худро ёбад ва ҳамзамон аз ҷиҳати иттилоотӣ ва ахлоқӣ устувор бошад.
Аз ин нуқтаи назар, соли 2026 на танҳо идомаи солҳои 2024–2025, балки марҳалаи сифатан нав дар мантиқи сиёсати маориф мебошад.
Мо, устодону донишҷӯён ва кормандони Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон сиёсати хирадмандона ва созандаи Пешвои муаззами миллатро дар ҳама самтҳо, хосатан соҳаи илму маориф ҳамаҷониба дастгирӣ намуда, дастуру супоришҳои Роҳбари давлатро сармашқи фаъолияти ҳамарӯзаамон табдил медиҳем.
ҲАМИДИЁН ИЛҲОМҶОН ИНОМЗОДА,
доктори илмҳои филологӣ, профессори факултаи гуманитарӣ-педагогии ДБССТ


Август 25, 2026
25 август таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати кишвар, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар маҷлис нахуст дар бораи Барномаи рушди сайёҳии дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2027-2031 раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ Ҷамшед Ҷумъахонзода гузориш дод.
Таъкид гардид, ки лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои муайян намудани ҳадафҳо, вазифаҳо, афзалиятҳо ва самтҳои рушди устувори сайёҳии дохилӣ таҳия шудааст.
Барнома барои мусоидат ба эҷоди фазои босифати сайёҳӣ ва ҳавасмандгардонии рушди минбаъдаи сайёҳии дохилӣ баланд бардоштани некуаҳволӣ ва сифати зиндагии аҳолӣ, ҳифзи таърихи бостонӣ, муаррифии манзараҳои ҷолиби кишвар, тарғиби фарҳанги миллӣ ва дигар ҷаззобиятҳои Тоҷикистон пешбинӣ шудааст.
Иттилоъ дода шуд, ки дар соли 2025 2 миллиону 400 ҳазор сайёҳи хориҷӣ ба Тоҷикистон сафар намуд.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки барои боз ҳам афзун гардидани шумораи сайёҳон ба Тоҷикистон имкону захираҳо хеле зиёданд, ки бояд пурсамар истифода шаванд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон супориш доданд, ки барнома ва нақшаи чорабиниҳои амалигардонии он тасдиқ гардида, татбиқи онҳо самарабахш ба роҳ монда шавад.
Сипас, Барномаи рушди мактабҳои бачагонаи мусиқӣ, рассомӣ, санъат ва мактаб-интернатҳои миёнаи махсуси ҷумҳуриявии мусиқӣ ва санъат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2027-2031 баррасӣ гардид.
Гуфта шуд, ки лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади мусоидат ба рушди муассисаҳои таҳсилоти иловагии бадеӣ ва миёнаи махсуси соҳаи фарҳанг, ташаккули низоми такмили ихтисос, бозомӯзӣ ва тайёр намудани мутахассисон, таҳкими заминаи моддиву техникӣ ва ба талаботу шароити муосир мутобиқ кардани фаъолияти онҳо таҳия шудааст.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои амалисозии барномаи мазкур ба сохторҳои марбута дастуру тавсияҳо доданд.
Инчунин дар кори маҷлис лоиҳаҳои як қатор қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла дар бораи сиёсати аграрӣ ва дар бораи муҳоҷират баррасӣ шуда, барои муҳокима ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсо

21 августи соли ҷорӣ дар Мактаби санъати ба номи “Одина Ҳошим” Конференсияи августии кормандони соҳаи маорифи шаҳри Душанбе зери унвони “Ҳамоҳангии арзишҳои миллӣ ва зеҳни сунъӣ дар рушди соҳаи маорифи шаҳри Душанбе” баргузор гардид.

Дар кори конференсия вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода, муовини Раиси шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳа Д. Одилзода, директори Корхонаи воҳиди давлатии “Шаҳри ҳушманд (SMART CITY)” С. Самадзод, намояндагони сохторҳои марказӣ ва мақомоти иҷроия, Агентии назорат дар соҳаи маориф, Маркази миллии тестӣ, Пажӯҳишгоҳи рушди маориф, Академияи таҳсилот, намояндаи Прокуротураи шаҳри Душанбе, намояндаи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар шаҳри Душанбе, роҳбарону масъулини сохторҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг, кор бо занон, ҷавонон ва муовинони раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе, роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ, собиқадорони соҳаи маориф, хонандагону омӯзгорони фаъолӣ муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе иштирок намуданд.
Зимни суханронии худ вазири маориф ва илм аз дастгириҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ёдоварӣ намуда, таъкид намуд, ки соҳаи маориф маҳз бо дастуру ҳидоятҳои созанда ва дастгириҳои пайвастаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази таваҷҷуҳи давлату Ҳукумат қарор дошта, сол ба сол рушд мекунад.
Ҳамзамон, таъкид шуд, ки бо шарофати сиёсати бунёдкорона ва таваҷҷуҳи хосаву ҳамешагии Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ барои рушди босуръати инфрасохтори соҳаи маорифи пойтахт, бунёди муассисаҳои таълимии замонавӣ, бо компютерҳо, синфхонаҳои муҷаҳҳази технологӣ ва воситаҳои рақамӣ таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. Татбиқи пайвастаи лоиҳаҳои муосир ва ташаббусҳои бузурги бунёдкорӣ таҳти роҳбарии муҳтарам Рустами Эмомалӣ имкон медиҳад, ки раванди таълим бо талаботи замони муосир, рақамисозӣ ва технологияҳои зеҳни сунъӣ ҳамоҳанг карда шавад.
Баромадкунандагон зимни машварат оид ба масъалаҳои баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия бо истифода аз дастовардҳои муосир, ҷорӣ намудани технологияҳои навин ва усулҳои зеҳни сунъӣ ба раванди омӯзиш, тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои муқаддаси миллӣ, инчунин таҳкими ҳамкории муассисаи таълимӣ, оила ва ҷомеа ҷиҳати пешгирии омилҳои номатлуб ва дигар масъалаҳои муҳими соҳаи маориф андешаронӣ намуданд.
Дар фарҷоми конференсия бо ҳузури меҳмонон як қатор мутахассисони ҷавон, омӯзгорон, собиқадорон ва кормандони пешқадами соҳаи маориф барои ҳавасмандгардонӣ ва саҳми арзандашон дар таълиму тарбияи насли наврасу рушди соҳа бо нишони сарисинагии “Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Ифтихорнома”-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, “Ифтихорнома”-и Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, “Сипоснома”-и Корхонаи воҳиди давлатии “Шаҳри ҳушманд (SMART CITY)” ва мукофотпулӣ, ба мутахассисони ҷавон туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.
Дар охир барномаи рангини фарҳангӣ манзури иштирокдорон гардида, ба чорабинӣ ҳусни дигар бахшид.


Имрӯз, 18 августи соли 2026 дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №53-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ машваратҳои августии омӯзгорони фаннии муассисаҳои таълимии ноҳия ба кори худ оғоз намуданд.
Машваратҳои августӣ ҳамасола дар арафаи оғози соли нави таҳсил ҳамчун майдони муҳими омӯзиш, таҳлили фаъолияти касбӣ, табодули таҷриба ва шиносоии омӯзгорон бо навгониҳои соҳаи маориф баргузор мегарданд. Ҳадафи асосии машваратҳои имсола омодагии ҳамаҷонибаи омӯзгорон ба соли таҳсили нави 2026-2027, такмили маҳорати касбӣ, татбиқи усулҳои муосири таълим ва баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия мебошад.
Дар маросими ифтитоҳи машварат мудири шуъбаи маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ Ҷ. Маҷидзода иштирок ва суханронӣ намуд.
Зимни сухани ифтитоҳӣ таъкид гардид, ки Машваратҳои августӣ танҳо як чорабинии анъанавӣ набуда, балки марҳилаи муҳими муайян намудани самтҳои асосии фаъолияти омӯзгорон барои соли нави таҳсил ба ҳисоб мераванд. Аз омӯзгорон даъват ба амал оварда шуд, ки дар ҷараёни машваратҳо мушкилоти воқеии таълими фанҳо, роҳҳои баланд бардоштани сифати дониш, истифодаи усулҳои фаъоли омӯзиш, муносибати инфиродӣ бо хонандагон ва таҷрибаи пешқадами педагогиро мавриди таҳлилу баррасии амиқ қарор диҳанд.
Дар кори машварат директори Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Шавкат Каримзода иштирок ва суханронӣ намуд.
Мавсуф оид ба муҳиммияти такмили пайвастаи маҳорати касбии омӯзгорон, истифодаи самараноки технологияи муосир, татбиқи муносибати босалоҳият ба таълим ва мутобиқ намудани фаъолияти омӯзгор ба талаботи замони муосир ибрози андеша кард. Ҳамзамон, вобаста ба вазифаҳои омӯзгорон дар соли нави таҳсил, баланд бардоштани масъулияти касбӣ ва беҳтар намудани сифати дарсҳо тавсияҳои муфиди методӣ пешниҳод гардиданд.
Пас аз анҷоми қисми ифтитоҳӣ омӯзгорон аз рӯи фанҳои таълимӣ ба гурӯҳҳои алоҳида тақсим шуда, фаъолияти худро дар бахшҳои фаннӣ оғоз намуданд.
Дар ҷараёни кори бахшҳо масъалаҳои вобаста ба навгониҳои соҳаи маориф, такмили мазмун ва методикаи таълими фанҳо, истифодаи усулҳои фаъоли омӯзиш, технологияҳои рақамӣ ва имкониятҳои зеҳни сунъӣ, арзёбии дастовардҳои таълимии хонандагон, кор бо хонандагони болаёқату сустхон, риояи меъёрҳои забони давлатӣ ва ташкили самараноки дарсҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Омӯзгорони соҳибтаҷриба намунаҳои таҷрибаи пешқадами педагогии худро муаррифӣ намуда, иштирокчиён вобаста ба мушкилоти таълими фанҳо ва роҳҳои ҳалли онҳо мубодилаи афкор карданд. Таваҷҷуҳи асосӣ ба он равона гардид, ки ҳар як омӯзгор соли нави таҳсилро бо нақшаи мушаххас, омодагии ҷиддии касбӣ ва усулҳои наву самараноки таълим оғоз намояд.
Дар идомаи машварат муовини сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Ҷ. Ғаюрзода иштирок намуда, аз ҷараёни фаъолияти бахшҳои фаннӣ ва сатҳи ташкили машварат дидан кард. Зимни боздид ба масъалаҳои сифати баргузории машғулиятҳои методӣ, иштироки фаъоли омӯзгорон, муҳокимаи навгониҳои соҳа ва омодагии касбии онҳо ба соли нави таҳсил таваҷҷуҳ зоҳир карда шуд.
Назорат ва ташкили машваратҳои августии омӯзгорони фаннии муассисаҳои таълимии ноҳияро мудири кабинети методии назди шуъбаи маорифи ноҳияи Исмоили Сомонӣ Зиёдулло Восидов ба уҳда дорад.
Бояд қайд намуд, ки машваратҳои августии омӯзгорони фаннии ноҳияи Исмоили Сомонӣ давоми ду рӯз — 18 ва 19 августи соли 2026 баргузор гардида, дар доираи онҳо масъалаҳои муҳими таълимию методӣ аз рӯи ҳамаи фанҳои таълимӣ мавриди омӯзиш ва баррасӣ қарор дода мешаванд.
Интизор меравад, ки натиҷаҳои машваратҳо барои баланд бардоштани маҳорати касбии омӯзгорон, беҳтар намудани сифати таълим, паҳн намудани таҷрибаи пешқадам ва оғози муваффақонаи соли таҳсили нави 2026–2027 заминаи мусоид фароҳам меоранд.

Пешвои миллат: «Ба мо, пеш аз ҳама, мутахассис зарур аст, на ҷавоне, ки танҳо соҳиби диплом аст»

СТРАТЕГИЯИ ОЯНДАСОЗ, САРМОЯИ ИНСОНӢ ВА ЧОЛИШҲОИ НАВ

Мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуд Пизишкиён

БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ КУМИТАИ ТАДОРУКОТИ ОЛИМПИАДАИ ДАСТАВӢ БАРОИ ДАРЁФТИ "ҶОМИ САРРАЁСАТИ МАОРИФИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ"

ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН ДАР ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ-ПЕШВОИ МИЛЛАТ

Чорабиниҳо

Узнать больше

Китобхонаи электронӣ

Узнать больше

Журнал NEWTONE LIFE

Наши партнеры